Табибони тоҷик ду ҷарроҳии мураккаб анҷом доданд

Август 29, 2024 15:37

ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» аз ҷониби ҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷарроҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Масуди Шервонӣ ду ҷарроҳии мураккаб гузаронида шуд, ки пас аз анҷоми  амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати беморон хуб мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, ҷарроҳии аввал гирифтани чураи гардан ва гузоштани кейч дар байни муҳраҳои Сб С7 буда, ҷарроҳии дуюм дар омоси қисми болоии ҳароммағз ва майнаи сар гузаронида шуд.

Табибон дар мағзи сар низ ду ҷарроҳии мураккаб анҷом доданд. Чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар ин шуъба қаблан низ анҷом дода мешуд. Баргузории ин гуна амалиёти нодир бо ҷарроҳони хориҷӣ ба баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи ҷарроҳони ватанӣ мусоидат мекунад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ин шуъбаҳо бо таҷзиҳоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд. Ҷарроҳони ватанӣ метавонанд бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгардида ин гуна амалиёти нодири ҷарроҳиро дар мамлакат муваффақона гузаронанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2024 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд