ТАВАҶҶУҲ! Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: «Аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мешавад, ки талаботи нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷиратро дар Русия риоя кунанд»
ДУШАНБЕ, 15.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, мерасонад, ки тибқи қонуни федералии ин мамлакат, ки 8 августи имсол ба имзо расидааст, муҳлати будубоши шаҳрвандон акнун давоми як соли тақвимӣ 90 рӯз муайян шуд (қаблан 90 рӯз давоми 6 моҳ имконпазир буд). Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, қонуни федералӣ аз 8 августи соли 2024 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Русия» аз тарафи Президенти Федератсияи Русия имзо шудааст. Тибқи он соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад (банди 5 моддаи 2 Қонуни федералӣ «Дар бораи ҳисоб кардани вақт» аз 3 июни соли 2011). Дар он омадааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадор ҳастанд, ки аз кирдорҳои нисбат ба Русия зараровар худдорӣ кунанд, эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳо, арзишҳои маънавӣ ва мардуми Русияро пос нигоҳ доранд. Корнамоии халқи советиро дар муҳофизати Ватан таҳриф накунанд. Ҳамзамон нисбат ба муҳити зист, сарватҳои табиӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии Русия бо эҳтиром муносибат кунанд.
Муҳоҷирони муваққатӣ метавонанд худро ба муҳлати дар огоҳинома гуфташуда (на бештар аз 1 сол) ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. (Муҳоҷирони муваққатӣ онҳое мебошанд, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) ё иҷозатномаи паноҳандагӣ надоранд).
Тибқи ин қонун, хуруҷ аз Федератсияи Русия ба ватани худ бо истифода аз шиносномаи муҳлаташ гузашта ё шиносномаи фарсуда имконпазир аст. Ҳангоми санҷиши сарҳадӣ арзёбии хатарҳои эҳтимолии вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ ё эҷоди таҳдид ба амнияти давлат гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки ин қонун аз 2 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш менамояд, ки талаботи нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Русияро риоя намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






