Тоҷикистон ва Қатар масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд

Август 31, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 август вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо ректори Донишгоҳи Қатар доктор Умар Муҳаммад ал-Ансорӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти суҳбат роҳҳои таҳкими ҳамкории донишгоҳи мазкур бо муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон, табодули мутахассисон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, забономӯзии донишҷӯён ва тавсеаи робитаҳо байни пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистону Қатар ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид