Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Инчунин дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Узбекистон, намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (БКБОП) ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа 13 масъала, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷараёни иҷрои Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, амалияи татбиқ ва аҳамияти муқаррароти Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз 28 сентябри соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Масъалаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ содир мешаванд, такмили ҳамкории байнидавлатии иттилоотӣ дар мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории Вазорати корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ муҳокима гардид.
Инчунин дар ҷаласа дар бораи баргузории Озмуни байналмилалии маҳорати касбии кормандони сохторҳои мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ваколатҳоро дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ менамоянд, Анҷумани байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати роҳ ва дигар масъалҳои мубрам таклифҳо пешниҳод шуданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки ба тақвият бахшидани ҳамкории минбаъда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат менамоянд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






