Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 11 то 17 августи соли 2024, дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд.
Ҷонибҳо корҳоро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд






