35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд бинои Палатаи савдо ва саноат сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар вилоят омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дошта, 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд.
Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд иншооти ҷашнӣ буда, бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.
Бино аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кори кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш ва ошхона ҷойгир мегарданд.
Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар самти ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дарёфти шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ нақши хеле муҳим дорад.
Соли 2024 бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят 295 соҳибкор дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуда, 14 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин давра шумораи аъзои палата аз 300 ба 400 нафар расонида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






