АҲАМИЯТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВҚЕИ ОМӮЗГОР ДАР МАМЛАКАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш

Сентябрь 5, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри имсол дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дарси сулҳ доир шуд, ки дар он доираи васеи зиёиён, омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мамлакат иштирок намуда, аз суҳбат ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат баҳравар гардиданд. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки иштироки Президенти Тоҷикистон дар ин санаи рамзӣ барои аҳли маориф нишони эҳтирому боварӣ, садоқат ва самимият нисбат ба намояндагони ин соҳа- омӯзгорон мебошад.

«Хушбахтона, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи сиёсати оқилонаву созанда ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромии мамлакат ва азму иродаи созандаи шаҳрвандон соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатии мамлакат муқаррар гардида, сатҳи ҳама гуна дастгириву ғамхориҳо нисбат ба намояндагони ин соҳа ба маротиб афзоиш ёфт»,-чунин иброз намуд ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода.

Ба андешаи Даврон Сафарзода, ташаккули давлати муосир ва пайдо намудани мавқеи устувору қавӣ байни ҷомеа ба рушду инкишофи соҳаи маориф ва низоми омодасозии кадрҳо дар мамлакат алоқаманд мебошад. Дар замони пурнизои муосир, ки дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон баҳсҳову ҷангҳои гуногун идома доранду дар баробари ин қудратҳои ҷаҳонӣ бар сари “тақсимоти нави ҷаҳон” омодагӣ мебинанд, пайдо намудани мавқеи қатъиву тағйирнопазир танҳо бо роҳи беҳтар намудани сатҳи рушду тараққии маориф имконпазир мебошад.

Сарвари давлат зимни вохӯрӣ аз ҳамеша дастгирӣ ёфтани намояндагони соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар гардида, иброз намуданд, ки қариб 19 дарсади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба рушди ин соҳа равона карда шудааст. Ҳамчунин дар муддати начандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва вазъи иҷтимоии омӯзгорону намояндагони соҳаи маориф маоши вазифавии омӯзгорон 21 маротиба баланд бардошта шуд, ки назар ба дигар кишварҳои минтақа ба маротиб зиёд мебошад. Аммо бо ҳамаи ин қаноат намудан ғайримумкин мебошад ва вазъи соҳа ғамхории бештар талаб менамояд.

Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат дар нақшаҳои рушди худ минбаъд низ соҳаи маорифро дар ҷойи аввал қарор медиҳад. Зеро тарбияи насли наврасу ҷавон ва бо илму дониши замонавӣ мусаллаҳ намудани онҳо маънои гузоштани хишти устувор ба ояндаи давлатро дорад. Ин аст, ки Пешвои миллат ба аҳли нишаст муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки “мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд”.

Аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои ояндаи давлату миллат дар якҷоягӣ талош намоянд, насли фардоро дар беҳтарин шароиту имконот ва фазо таълиму тарбия намуда, бинои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистонро бо хиштҳои санҷидашуда бунёд созанд.

Барои расидан ба ин мақсад боз ҳам вазифаи асосӣ ба дӯши омӯзгор – тарбиятгарони имрӯзу фардо гузошта мешавад. Дар ин масъала Пешвои миллат иброз доштанд, ки “дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад”.

Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас дар ин ҷода зарур аст, ки ибтидо мақому мавқеи иҷтимоии омӯзгорону муаллимон дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Зеро маҳз ин қишри ҷомеа, новобаста ба ҳама мушкиливу душворӣ ва шароити вазнини зиндагӣ дар лаҳзаҳои душвортарини таърихи миллат аз касби пуршарафи худ даст накашидаву барои бунёди аркони давлатдории миллӣ хизмати шоиста намудаанд. Таҷрибаи давлатҳои тараққикарда ва ба сатҳи худкифои таъминоти иҷтимоӣ расидаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки маҳз дар натиҷаи баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар мамлакат  метавон ба натиҷаи дилхоҳ расид ва ба ҷомеаи солим замина гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ ба муносибати Рӯзи дониш ин масъаларо баррасӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар мамлакат Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул карда шавад. Қабули ин қонун эътибор ва мавқеи омӯзгорро дар мамлакат беҳтар гардонида, сатҳи ҷалби ҷавононро ба ин касб низ афзоиш медиҳад.

Мақсад аз таҳия ва қабули ин қонун муайян намудани нақши калидӣ ва ҳалкунандаи омӯзгорон дар ҷомеа буда, қадами муҳимму саривақтие дар роҳи ояндаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Омӯзгорон баҳреро мемонанд, ки аз он тамоми дашту саҳрои хушку аз ҳосил дурмонда обёрӣ гардида, ба ҳосил медарояд. Рисолати аслӣ ва вазифаи асосии омӯзгор низ ҳамин аст, ки кӯдаки хурдсолеро, ки бе ягон донишу таҷрибаи зиндагӣ ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузорад, тарбия намудаву баъди таҳсил дар муассисаи миёнаву олии таълимӣ ҳамчун дарахти ҳосилхезе ба ҷомеа тақдим намояд. Хушбахтона, зиёда аз 130 ҳазор омӯзгороне, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият доранд, аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи пурмасъулият ба хубӣ мебароянд.

Барои баланд бардоштани мақому манзалат, обрӯву эътибор ва мавқеи омӯзгор дар ҷомеа зарур аст, ки ибтидо худи омӯзгорон аз рисолати фахрии бар дӯш доштаашон ифтихор намоянду софдилона ва танҳо бо мақсади саҳмгузорӣ дар шукуфоии ояндаи Тоҷикистон фаъолият намоянд. Зеро, тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд: “…иззату обрӯи ҳар шахс, аз ҷумла омӯзгор, дар навбати аввал, аз худаш вобаста мебошад”.

Беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати ин гурӯҳи аҳолӣ дар мамлакат аз аҳамияти зиёде, ки ба манфиати давлату ҷомеа хизмат менамоянд, иборат мебошад:

— ибтидо беҳтар гардидани сатҳи зиндагии омӯзгорон, ки қариб ду дарсади аҳолии мамлакатро ташкил менамоянд, боиси беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоиёти аксарияти аҳолии мамлакат мегардад;

— таваҷҷуҳ ва маҳбубияти касби омӯзгорӣ байни насли ҷавони ҷомеа бештар гардида, боиси ҳал гардидани мушкилоти норасоии омӯзгор дар муассисаҳои таълимии мамлакат мегардад;

— самара ва натиҷаи сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бештар гардида, сатҳи донишомӯзии муҳассилин беҳтар мешавад;

— дастгирии моддиву маънавии омӯзгорон сатҳи ҷиноятҳои коррупсиониро дар соҳаи маориф кам намуда, эътимоду боварии аҳолиро ба соҳа бамаротиб меафзояд;

— тавассути кадрҳои баландихтисосу соҳибтаҷриба расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат осонтару наздиктар гардида, Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соҳиби дастовардҳои назаррас мегардад.

Ин ва дигар аҳамият барои беҳтар намудани мавқеи омӯзгорон дар ҷомеа хизмат менамоянд. Аммо муҳимтарин натиҷае, ки аз ин раванд интизор меравад, ин ташаккули насле мебошад, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии тоҷиконро ҳифз намудаву мавқеи байналмилалии имрӯзаи мамлакатро боз ҳам болотар бурда, зиндагии орому осуда ва ҳамаҷонибаро барои аҳолӣ таъмин намояд.

Албатта, боварӣ аст, ки бо татбиқи маслиҳату роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” дар фазои соҳа таҳаввулоти бузурге ба вуҷуд омада, саҳми намояндагони он барои фардои ободи давлат ва ҷомеа баръало мушоҳида мешавад.

Президенти Тоҷикистон рисолати бузургу пурифтихори тарбияи насли ояндасози Тоҷикистонро ба мо, омӯзгорону мутахассисони соҳаи илму маориф бовар намудаанд. Моро зарур аст, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиставу босуботи ҷомеаи мамлакат тамоми донишу маҳорат, малакаи касбӣ ва қувваю тавонамонро равона созем, то ба бовариву эҳтироми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беш аз даҳ миллион нафар аҳолии Тоҷикистон сазовор бошем.

Даврон САФАРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 5, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон масъалаи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ баррасӣ гардид
Ба кормандони соҳаи маориф ва илм мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорида шуданд
САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Имрӯз зани тоҷик вазир, сафир ва хеле кабир аст
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ГАРДИШИ САРНАВИШТСОЗ. Андешаҳо дар мавриди рушди босуботи давлатдории миллӣ
НОБУДСОЗӢ Ё УТИЛИЗАТСИЯИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ. Он чӣ гуна анҷом дода мешавад ва чӣ қадар арзиш дорад?
МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР КИТОБ АСТ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад
Дар вилояти Суғд 1005 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ, касбӣ ва касбӣ-техникӣ фаъолият менамоянд
Ба хонандагони Муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Хоруғ суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш шарҳ дода шуд
БАРОИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТИ КӮҲСОР — ТОҶИКИСТОН РУШДИ АВИАТСИЯ МУҲИМ АСТ. Дар ин маврид бо суръати баланд кашонидани бору расонидани мусофир таъмин мегардад
Маркази миллии тестӣ даври сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД-2024 оғоз намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосии ин ниҳод аст