ҲАДАФ-ТОЗАГИЮ ОБОДОНӢ. Дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд

Сентябрь 8, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ- 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумишаҳрии тозагию ободонӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ чунин ҳашарҳо гузаронида шуданд. Дар он кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, литсею коллеҷҳо ва иттиҳодияҳои динӣ фаъолона иштирок намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, хусусан шафати роҳи байналмилалии Душанбе –Турсунзода ва ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва поккории партовҳо саҳми муносиб гузоштанд.

Дар арафаи иду ҷашнҳои гуногун, хусусан ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани маъракаҳои марбут ба тозагию ободонӣ дар гӯшаю канори мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Сентябрь 8, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид