Ҳайати Тоҷикистон дар Остона дар ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои ҳадафманди фонд, аз ҷумла аз Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иштирок намуданд.
Дар ҷаласа 6 қарори ҷамъбастӣ ба имзо расид, ки дар байни онҳо Нақшаи кори Кумитаи иҷроия, ҳисобот дар бораи ҷараёни татбиқи Барномаи амалҳо оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал (ПБАМ-4) ва натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи навсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ (CAHMP) тасдиқ карда шуд.
Инчунин дар доираи ҷаласа вохӯрии муҳими Шурои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки донорҳои байналмилалӣ ва шарикони лоиҳаҳо дар доираи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид. Ин имкон дод, ки ташаббусҳои кунунӣ ва оянда, ки ба наҷот ва барқарорсозии экосистема дар минтақаи ҳавзаи баҳри Арал равона шудаанд, муҳокима гарданд.
Дар маҷмуъ, ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Остона қадами муҳим дар роҳи ҳифзи баҳр ва беҳтар кардани вазъи минтақа буд. Иштирокдорони ҷаласа бо мақсади наҷот додани захираи беназири табиии таҳдидшавандаи баҳри Арал барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар иҷрои вазифаҳои дар назди фонд гузошта изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






