Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии ҳудуди гарнизони Бохтар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 сентябр дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии ҳудуди гарнизон баргузор гардид, ки дар он риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» мавриди таҳлил қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, полковники адлия Наврӯз Тоҳирзода иброз намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фаъолият аз тамоми ваколатҳои назорати прокурорӣ самаранок истифода намуда, баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатии афсарону сарбозон ва ҳолатҳои саркашӣ ё фирор тадбирҳои иловагии зарурӣ андешиданд.
Инчунин таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, ватандӯстию ватанпарастии сарбозону афсарон корҳои фаҳмондадиҳию ташвиқотӣ таҳким бахшида мешаванд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.
АКС: Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар










Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад






