Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба лоиҳаи ҳамкории техникии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) «Рушди иқтидорнокӣ барои идоракунии пулҳо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики ва Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имай Сейдзу сухан намуданд.
Гурӯҳи коршиносони JICA бо шарикони лоиҳа аз Вазорати нақлиёт, Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт, идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард оид ба иҷрои лоиҳа ва натиҷаҳои он маълумот пешниҳод намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки фаъолият аз рӯи ҳамаи 4 самти лоиҳа тибқи нақша муваффақона ба анҷом расид.
Зимни фаъолият муассисаҳои давлатии назорати роҳҳои автомобилгард ва идораҳои хоҷагии роҳҳои автолмобилгард инвентаризатсия ва муоинаи муҳандисию техникии 1643 пулро ба анҷом расонида, маълумот ҷамъоварӣ намуданд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ барои омодасозии мутахассисони тармашинос ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла ярч, резиши сангҳо ва ғайра идома дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки ин лоиҳаи сеюми JICA мебошад, ки моҳи апрели соли 2021 оғоз ёфта, моҳи ноябри соли 2024 ба анҷом мерасад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






