Ҳамкории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Рязани Федератсияи Русия тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тақвият ёфтани ҳамкории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Рязани Федератсияи Русия дар вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар вилояти Суғд фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам буда, даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъолият доранд.
Тазаккур дода шуд, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, ташкили ҷойи нави кор ва ҳамзамон ҷалби сармоя таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Зимни вохӯрӣ дар самти аз худ намудани заминҳо ва бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои шакли нав, ташкили корхонаҳои коркарди мева, пахта ва истеҳсоли матоъ аз пахта, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол ва истеҳсоли доруворӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод шуданд.
АКС аз бойгонӣ








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






