БАХШИДА БА РӮЗИ КИТОБ. Дар Душанбе вобаста ба вазъи китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи китоб (4 сентябр) дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ва намоиши китоб бо унвони «Истиқлолият-марҳилаи сифатан нави рушди фаъолияти китобдорӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар конференсия олимону мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ ва тамоми директорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои соҳаи китобдорӣ, вазъи рушди китобхонаҳои ҷумҳурӣ, таъмини онҳо бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва ҷалби хонандагон ба китобхонӣ баррасӣ гардид.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард.
Таъкид шуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии донишкада Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки имрӯз бо шарофати Истиқлолият дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ китобхонаҳо бунёд шуда, барои китобхон шудани ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ доир мегарданд. «Мояи хушнудӣ аст, ки зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки маблағи озмунҳо сад фоиз баланд бардошта шавад».
Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф иброз дошт, ки имрӯз дар заминаи баланд гардидани нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимтарини донишандӯзӣ таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.
«Бо дарки муҳимияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 миллион сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ дар дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид карда шудаанд.
Татбиқи нақшаи чорабиниҳои ин барномаҳо барои афзоиши шумораи китобхонаҳо ва хонандагон, мутобиқ гардонидани ҳаҷми фонди онҳо ба суръати афзоиши аҳолӣ ва дар сатҳу сифати баланд қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ нисбат ба иттилоот имконияти боз ҳам васеътар фароҳам овард», -гуфт Зафари Шариф.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






