Дар бархе муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон норасоии таҷҳизоти муосири тиббӣ ба назар мерасад
ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 1793 муассисаи тандурустии давлатӣ ва субъектҳои хусусии тиббӣ фаъолият доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Имрӯз Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазъи Маркази вилоятии бемориҳои дил, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Маркази бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии вилояти Хатлон, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон, Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон, кори табибон ва шароити табобати беморон дар ин муассисаҳо шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аксар шуъбаҳои марказу беморхонаҳо ҳоло мавриди навсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд. Вале дар бисёр ҷойҳо ҳоло ҳам норасоии таҷҳизоти муосири тиббӣ ба назар мерасад.
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди 477 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 128 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






