Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид

Сентябрь 12, 2024 15:04

ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар кори ҷаласа «Барномаи ҳамкорӣ байни хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои солҳои 2025-2028» қабул гардида,  Ёддошти тафоҳум байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Арманистон барои солҳои 2025-2029 ба имзо расид.

Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода иброз намуд, ки «ҳадафи асосии баргузории ҷаласаи Шуро коҳиш додани таҳдид ба ҳаёт ва моликияти аҳолӣ аз зуҳуроти хатарноки табиӣ ва иқлим мебошад. Ин фаъолият бе мубодилаи байналмилалии мушоҳидаҳо ва пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ дар сатҳи миллӣ пурра анҷом дода намешавад. Аз ин рӯ, намояндагони Хадамоти миллии обуҳавошиносӣ дар кори созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) иштирок мекунанд».

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз қабили раёсати Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, татбиқи Созишнома дар бораи шабакаи байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷараёни иҷрои Стратегияи рушди фаъолияти обуҳавошиносии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақшаи татбиқи он, татбиқи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии хадамоти обуҳавошиносии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди фаъолияти обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2030 бо иштироки ҳайатҳои хадамоти обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, инчунин раисони Кумитаи иҷроияи Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2024 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид