Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа масъулини аъзои Шуро аз мақомоти прокуратураҳои генералии Федератсияи Русия, Беларус, Қирғизистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба ҷаласаи 9-уми Шуро мавриди музокира қарор гирифтанд.
Коршиносон лоиҳаи ниҳоии қарорҳои дар ҷаласаи 9-уми Шуро қабулшавандаро таҳия намуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






