Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши олимону донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Директори Департаменти муколама ва гуногунии фарҳангӣ, Роҳбари Дафтари сафирони (ИСЕСКО) Халид Фаталраҳмон Омер баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба имконияти таҳким бахшидан ба равобити дуҷониба ибрози назар карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






