Дар Душанбе дар мавзуи «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфронси илмию амалӣ доир гардид

Сентябрь 25, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукмрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд. Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи мардуми тамаддунофари моро бо сарварии  Пешвои миллат барои ташкили давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собит сохт», — чунин изҳор намуд имрӯз Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода дар конфронси илмию амалӣ дар мавзуи  «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд».

Ба андешаи ӯ, маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия имрӯз дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Қабули санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба мамлакати ободу зебо табдил ёфтани Ватани мо мусоидат намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз намуд, ки 30-солагии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд. Дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ- ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии мамлакат тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Он ҳамчун олитарин санади сиёсию ҳуқуқии мамлакат барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба вуҷуд овард.

Дар ҷараёни кори конфронс дар мавзуъҳои мубрам оид ба нақши Конститутсия дар таҳким ва рушди давлатдории Тоҷикистон, Конститутсия- заминаи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, масъалаҳои назорати судии конститутсионӣ, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои ҳуқуқӣ маърузаҳо баррасӣ гардиданд.

Маърузачиён иброз намуданд, ки қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки мардуми ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, мамлакати татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар шиносад. Ва 30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони он аст, ки ин санади тақдирсози миллат ҷавобгӯи манофеи мамлакат буда, барои пешрафту шукуфоии ин сарзамин ва миллати куҳанбунёди он хизмат менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд