Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистон баррасӣ гардид

Сентябрь 14, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /НИАТ «Ховар»/. 13 сентябр дар шаҳри Душанбе машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ, инчунин оид ба ташхиси (инвентаризатсия) заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон роҳбарӣ карданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муфассал муҳокима гардида, табодули таҷриба дар самти фаъолияти ҳуқуқии ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ анҷом гирифт.

Таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкории Душанбе ва Ереван дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо инобати раёсати дарпешистодаи Тоҷикистон дар ин ниҳод, инчунин иштироки Арманистон дар кори Созмони ҳамкории Шанхай ба сифати шарики муколама зоҳир карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад