Дар Душанбе Мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мусобиқа 64 варзишгар аз 13 давлат иштирок менамоянд. Аз ҷумла, варзишгарон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Эрон, Руминия, Уммон, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тайланд ва Тоҷикистон байни ҳам рақобат мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода сухан намуда, ҳамзамон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ёдовар шуданд.
Иброз гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Имрӯз шахсони солиму тавоно, ҷавонони соҳибмаърифати аз лиҳози ҷисмониву руҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, меҳнатдӯст, ватанпарвар ва соҳиби ахлоқи неку шоиста барои ҳар давлати ҷаҳон муҳиму зарурӣ ба шумор мераванд. Зеро ояндаи ҳар миллату давлат аз насли ҷавону умедбахш вобаста аст.
Ҳукумати мамлакат ин нуктаро ба инобат гирифта, варзишро чун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намудааст. Ҳамзамон барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони мамлакат ва бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму руҳи солими мардум тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






