Дар Душанбе вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб ва ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни ҳамоиш иброз дошт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас аз афзалияти сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.
«Ватандӯстӣ — маънои дӯст доштани Ватан-Модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу ватан, меҳанпараст будан, хизмат ба халқу Ватан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ
гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалиро дорад»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Зимни ҳамоиш ҷавонон даъват шуданд, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба хурофоту бегонапарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии наврасон ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гарданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид






