Дар гармхонаи мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент сабзавот бо технологияи нав парвариш карда мешавад

Сентябрь 22, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар гармхонаи мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент, ки бо технологияи навтарин муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба парвариши сабзавот шуруъ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар  доданд.

Гармхона дар масоҳати як гектар аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд гардидааст. Дар он ҳамаи равандҳои парвариш, обу ғизодиҳӣ ва муқаррар намудани ҳарорати ҳаво бо истифода аз технологияи ҳозиразамон бо усули кореягӣ гузаронида мешавад.

Ҳоло дар гармхона беш аз 20 ҳазор бех кӯчати навъҳои серҳосили қаламфури булғорӣ, бодиринг, помидор ва тути заминӣ шинонида шуда, сабзиши онҳо хуб мебошад.

Ҳосили аввалини гармхона баъди чил рӯз ба харидорон пешкаш карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 22, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд