Дар гармхонаи мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент сабзавот бо технологияи нав парвариш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар гармхонаи мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент, ки бо технологияи навтарин муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба парвариши сабзавот шуруъ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Гармхона дар масоҳати як гектар аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд гардидааст. Дар он ҳамаи равандҳои парвариш, обу ғизодиҳӣ ва муқаррар намудани ҳарорати ҳаво бо истифода аз технологияи ҳозиразамон бо усули кореягӣ гузаронида мешавад.
Ҳоло дар гармхона беш аз 20 ҳазор бех кӯчати навъҳои серҳосили қаламфури булғорӣ, бодиринг, помидор ва тути заминӣ шинонида шуда, сабзиши онҳо хуб мебошад.
Ҳосили аввалини гармхона баъди чил рӯз ба харидорон пешкаш карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






