Дар Кирмоншоҳи Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид

Сентябрь 30, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон 27 сентябр нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Зимни суханронӣ Низомиддин Зоҳидӣ мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро дар таърихи ақвоми ориёӣ таъкид намуда, онро “донишномаи таърих, адабиёт, хираду ҳикмат ва фарҳангу тамаддуни ниёгон” номид, ки бо нубуғи адабӣ ва табъи яздонии Фирдавсӣ ба риштаи назм кашида шуд ва ба унвони шоҳкори адабиёти тоҷик ва намунаи олии суханварӣ эътироф гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зарурати шинохти «Шоҳнома»-ро барои тақвияти худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии ақвоми ориёӣ таъкид намуда, аз ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҳамасолаи “Шоҳномахонӣ” дар Тоҷикистон ва нақши ин ибтикор дар шинохти шоҳкори Фирдавсӣ ёдовар шуд.

Иштирокчиёни ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ хабари ибтикори дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нашри «Шоҳнома» ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷикистониро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.

Дар ҷашнвораи Кирмоншоҳ дар баробари шоҳномахонҳои синни мухталиф аз кишварҳои гуногун 5 шоҳномахони ҷавон аз Тоҷикистон низ ба таври маҷозӣ иштирок намуданд. Яке аз онҳо-  Муқаддас Маҳкамзода дар номинаи “шоҳномахони ҷавони хориҷӣ” аз ҷониби ҳайати доварон ғолиб дониста шуда, сазовари ҷоизаи ҷашнвора гардид.

Қарор шуд, ки ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ минбаъд ҳамасола бо иштироки шоҳномахонон аз кишварҳои минтақа баргузор гардад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сентябрь 30, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд