Дар маҷаллаи «Seoul City»-и Корея оид ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи Seoul City бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киромро ба нашр расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея.
Дар мусоҳиба, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки Истиқлолият дастоварди олии халқи тоҷик аст. Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушд ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Мамлакат дорои заминаи мустаҳками сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба субот ва шукуфоии иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Садоқати Тоҷикистон ба ин принсипҳо низ сазовори эҳтироми байналмилалӣ гардида, мавқеи худро ҳамчун узви арзишманди ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким бахшидааст.
Шакли пурраи мақоларо дар маҷаллаи Seoul City мутолиа намоед.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






