Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» тамринҳои амалӣ доир гардиданд

Сентябрь 18, 2024 14:46

ДУШАНБЕ 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалинамоии омодабошии ҷангӣ чанде қабл мутахассисони хурди низомӣ, аз ҷумла мерганчиён ва ронандагону нишонгирони мошинҳои махсуси ҳарбии навъҳои қӯшунҳои Артиши миллӣ баъди ба анҷом расонидани машғулияти назариявӣ дар пойгоҳи яке аз марказҳои таълимии қӯшунҳои хушкигард дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» ба тамринҳои амалӣ ҷалб шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Сарбозони иштирокчии машқҳои таълимии навбатӣ бори дигар собит намуданд, ки онҳо ҳамчун тирандозони касбии ҳарбӣ нозукиву махсусияти силоҳи ҷангиро хуб дониста, омодагии махсус доранд. Онҳо аз иҷрои вазифаҳои оташфишонӣ дар масофаҳо ва шароите, ки маҳорати махсус ва дараҷаи баланди тирандозӣ доштанро талаб мекунад, сарбаландона баромада метавонанд.

Дар ҷамъомади экипажи мошинҳои махсуси ҷангӣ низ ҳайати таъйингардида ё мутахассисони хурди низомӣ бо маҳорати баланди касбӣ иштирок намуда, вазифаҳои худро дар самти рондану идора намудан ва тиркушоӣ аз силоҳҳои ин навъ мошинҳои ҳарбӣ сарбаландона иҷро карданд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирии ҷамъомади таълимӣ роҳбарони машғулият ҳадафи ташкили ин тамринҳоро такмил додани донишу таҷриба ва қобилияти ҳайати шахсӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ арзёбӣ намуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид