Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 зиёда аз 110 ширкати сайёҳӣ ва намояндагони 16 давлат иштирок намуданд

Сентябрь 26, 2024 16:37

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) беш аз 110 ширкати сайёҳӣ, ҳунармандон ва намояндагони 16 давлат иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳ Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостониву асил буда, пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ҷалб менамояд.

Ҳамин аст, ки танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 580 ҳазор сайёҳ аз 129 давлати ҷаҳон ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон омаданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба қатори панҷгонаи беҳтарини сайёҳони хориҷии боздидкунандаи Тоҷикистон давлатҳои Узбекистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дохил гардидаанд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ сайёҳони хориҷӣ бештар ба сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба бунёди роҳҳои замонавӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи баланд, марказҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, хизматрасонии мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва ба таври назаррас сода гардонидани низоми раводид барои ҷалби бештари сайёҳон аз саросари ҷаҳон равона шудааст.

Хотирнишон месозем, ки дар DITE-2024, ки дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор шуд, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасониро муаррифӣ намуданд.

DITE-2024 бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Диёр Тревэл» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2024 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» баргузор мегардад
ЧУН ДУШАНБЕ МАН НАДИДАМ САБЗШАҲРЕ ДАР ҶАҲОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Имрӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоишҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил гардиданд
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ баргузор шуд
Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо идома доранд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
Дар Чин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд
«ЧИЛДУХТАРОН». Табиати нотакрор ва чашмаҳою гиёҳҳои шифобахши ин мавзеъ шуҳрати беандоза дорад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои «сабз» қадамҳои устувор мегузорад
Дар Майдони «Истиқлол» барномаи фарҳангии фараҳафзо баргузор гардид
Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби блогерони хориҷӣ тарғиб мешаванд
Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуданд