Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид

Сентябрь 26, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар кори он оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсӣ аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Барои ин ҳар узви ҳизб барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазо мегузорад.

Таъкид карда шуд, ки  дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 44 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода шуда, дар ин давра 6910 шаҳрванд дар ноҳия ба сафи ҳизб қабул гардид. Ҳамзамон аз ҷониби вакилони шаҳриву ноҳиявии ҳизб ва ташкилоти ибтидоӣ ба 2281 сокини ноҳияи Фирдавсӣ кумаки моддӣ расонида шуд.

Иброз гардид, ки Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсӣ нақша дорад дар фаъолияти минбаъда ва соли оянда тибқи талаботи Оинномаи ҳизб дар ташкилоти ҳизбӣ барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳизб соатҳои сиёсӣ баргузор намояд. Инчунин бо мақсади омодагӣ ба маъракаҳои сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакалони халқ фаъолияти минбаъдаро бо назардошти омилҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷаҳони муосир ва тамоюлҳои асосии фазои сиёсӣ ба роҳ монад.

Дар конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 71 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилон ба конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо иборат аз 71 нафар интихоб шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар идомаи конференсия маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи масъалаҳои интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ғайра доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Дар фарҷом ба як гурӯҳ ҷавононе, ки бори аввал ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  пайваст шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид. Ҳамзамон якчанд кумитаву ташкилоти ҳизбӣ, ки дар амалигардонии барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  саҳм гузоштаанд, бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид