Дар ноҳияи Муъминобод ҳамоиши маърифатию тарғиботӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод барномаи маърифатию тарғиботӣ баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод.
Нахуст меҳмонон бо намоиши дастовардҳою ҳунарҳои мардумии ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Муъминобод шинос шуданд.
Тарбияи ватандӯстӣ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки дар шароити кунунӣ бо назардошти вазъи ояндаи ҷаҳон аҳамияти умумимиллӣ пайдо намудааст. Вазъи пуршиддати ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстӣ аз хурдсолӣ оғоз гардад.
Ҳадафи ин ҳамоиш инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдкоронаи соҳибкорон, қаҳрамонони меҳнат, мудофиаи Ватан, тарбияи ватанпарварии насли наврас, инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебоипарастӣ, ободу зебо гардонидани Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳу маҳал, бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ мебошад.
Ҳамоиши маърифатию тарғиботӣ бо мақсади пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» доир карда шуд.
Дар назар аст, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ чунин барномаҳои маърифатию тарғиботӣ доир карда шаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






