Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 7, 2024 08:43

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур.

Муовини раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода таъкид намуд, ки ин саодату шукуфоии мамлакат, рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ тавассути сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мо муяссар гардид.

«Инак, 33 сол аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо равишу усули хоси худ, эътирофи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур ва нақши бориз дорад», -иброз дошт ӯ.

Иштирокчиён зимни ҳамоиш доир ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешравию дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таъмини фазои орому осудаи мамлакат сухан гуфтанд.

Дар идомаи ҳамоиш ғолибони озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ қадрдонӣ шуда, як зумра кормандони фаъоли ноҳия бо мукофотҳои давлативу соҳавӣ сарфароз гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Сентябрь 7, 2024 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд