Дар Прага оид ба роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об чорабинӣ доир шуд

Сентябрь 16, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Прага чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об барои рушди устувор дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои иштирокдори  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок карданд.

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин роҷеъ ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 (Душанбе, 10-13 июни 2024), қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» маълумот дод.

Исматулло Насредин тавсеаи ҳамкории кишварҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дар пешгирӣ ва рафъи хатару чолишҳои марбут ба обу иқлим, таҳияву татбиқи абзорҳои муштарак, ҳамчунин пешниҳоди кумакҳои молиявӣ ва фаннӣ ба кишварҳои осебпазир муҳим арзёбӣ кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид