Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсоз оид ба даъвати тирамоҳӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2024 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ», фаъолияти масъулини давлатии вобастаи даъват ва дигар мақомоти ваколатдор, кор бо захираҳои даъватӣ, пешгирии роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва дигар масоили марбут ба чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ мавриди муҳокима ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа зимни таҳлилу баррасии масъалаҳо вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.
Изҳор шуд, ки новобаста аз иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти баъзе комиссияҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно якчанд мушкилиҳо, аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе кирдорҳои коррупсионӣ низ ошкор мегарданд, ки нисбат ба ин гуна ашхос ҷазоҳои қонунӣ татбиқ карда шудаанд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






