Дар Рашт оид ба роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ барои мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявӣ машварат доир шуд

Сентябрь 18, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки  Ғарм дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ ва таъмини бехатарии истифодаи воситаҳои пардохтӣ» машварат гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон хабар доданд,  мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорон дар бораи намудҳои қаллобӣ дар интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ — ҳамчун восита барои амалҳои қаллобӣ, намунаи амалҳои қаллобӣ, пирамидаи молиявӣ,  ҷалб ба лоиҳаҳои вуҷуднадошта, дуздии маълумоти шахсӣ, маслиҳати ҳуқуқӣ барои баргардонидани маблағҳои тасарруфшуда, тадбирҳои андешида, аҳамияти қарорҳои қабулшуда барои рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Ҳамчунин дар бораи таъмини амнияти воситаҳои электронии пардохтӣ, хавфҳои эҳтимолии пардохтҳои ғайринақдӣ, афзалияти пардохтҳои ғайринақдӣ барои аҳолӣ, масъулияти истифодабарандагон барои бехатарии воситаҳои пардохт, истифодаи бехатари кортҳои пардохтии бонкӣ ва омӯзиши кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба усулҳои зидди қаллобӣ маърузаҳо манзур намуданд.

Таъкид гардид, ки омӯзиши кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ бо усулҳои зидди қаллобӣ тадбири зарурӣ барои пешгирии қаллобӣ мебошад. Кормандон бояд барои пешгирии муомилоти қаллобӣ омӯзонида шаванд ва инчунин донанд, ки агар амалиёти шубҳанок муайян карда шавад, онҳо бояд чӣ корро анҷом диҳанд.

Дар ҷамъбасти машварат байни устодон, мутахассисони соҳаи бонк, аҳолӣ ва донишҷӯён андешаҳои судманд иброз гардиданд.

АКС: Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2371 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1087 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2309 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1076 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2275 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд