РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон барои ҳунармандони истеҳсолкунандаи армуғон озмун эълон гардид

Сентябрь 14, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри дарёфти ҳунармандони соҳибистеъдод дар самти истеҳсоли армуғони беҳтарин барои сайёҳон озмуни шаҳрӣ эълон менамояд. Мавод барои иштирок дар озмун дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон то 20 сентябри соли равон  қабул карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Армуғони пешниҳодшуда бояд санъати миллиро инъикос намояд. Ҳамчунин дар армуғонҳо бояд манзараҳои зебои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ ва расму оини миллӣ инъикос гардида бошанд.Армуғони пешниҳодшуда бояд мазмуну муҳтавои баланд дошта, туҳфаи беҳтаринро таҷассум карда тавонад.

Маводи пешниҳодшуда набояд аз бозор харидорӣ гардад, балки он бояд маҳсули дасти ҳунарманд бошад. Муаллиф дар рӯзи баргузории озмун бояд онро муаррифӣ намуда, ҷараёни иҷрои онро нишон диҳад.

Дар озмун ҳунармандон ва сокинони шаҳри Бӯстон, ки ба истеҳсоли армуғон ва маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд ва дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Бӯстон фаъолият менамоянд, бо пешниҳоди маълумотнома аз ҷойи кор метавонанд иштирок намоянд.

Ғолибони озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида мешаванд.

Озмун бо мақсади тарғиби таҷрибаи беҳтарини ҳунармандон дар самти истеҳсоли армуғони беҳтарин барои сайёҳон эълон  гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Сентябрь 14, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд