Дар шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон баргузор мегардад

Сентябрь 11, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 6 октябр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мусобиқа дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор мешавад.

Мақсад аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушди варзиши мамлакат, аз ҷумла ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва болоравии минбаъдаи шарафи варзиши Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 11, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид