Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
ХОРУҒ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид. Имсол дар даври сеюми озмун 327 довталаб иштирок намуд, ки аз ин шумора 306 нафар хонанда, 8 нафар омӯзгор ва 13 нафар донишҷӯ мебошанд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аминҷон Мирзоқандов иттилоъ дод, «соли равон дар ҳафт номинатсияи ин озмун духтарон низ хеле фаъол буданд ва аз нисф бештари довталабонро ташкил доданд. Дар давраи муосир- чӣ зан ва чӣ мард ҳаёти худро бе илму техника тасаввур карда наметавонанд. Ҳама корҳои хона ва корхонаро тавассути техникаву технология ба анҷом мерасонӣ ва агар аз илмҳои дақиқ бохабар набошӣ, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавӣ. Президенти Тоҷикистон низ дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020- 2040- ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад».
Дар навбати худ мо, аҳли маориф талош мекунем, ки дар амалӣ кардани ин иқдоми наҷибонаи Президенти ҷумҳурӣ ва расидан ба ҳадафи чорум- саноаткунонии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузорем.
Ҳамин тариқ, даври вилоятии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» ба поён расид. Ғолибони ҳамаи номинатсияҳо ва омӯзгорони онҳо бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳамчунин кормандони соҳаи илм дар алоҳидагӣ дар ин озмун иштирок намуданд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зимни қадрдонии ғолибон бори дигар онҳоро даъват карданд, ки мутобиқи талаботи озмун, дониши назариявию амалии худро дар ин чанд рӯзи боқимонда такмил диҳанд ва ба озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ баргузор мегардад, бо омодагии ҳамаҷониба ҳозир шаванд.
Ҳадафи озмун ҷалби ҳарчӣ бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар гурӯҳҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд






