Дар шаҳри Копенгаген бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дорусоз симпозиум доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дорусоз дар шаҳри Копенгаген Симпозиум оид ба сиёсати расондани ёрӣ ва хизматрасонии фармасевтӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, симпозиуми сатҳи баланд дар якҷоягӣ бо Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Федератсияи байналмилалии фармасевтӣ баргузор гардид.
Ҳадафи ҳамоиш баррасии масоили нақши фармасевтон ва саҳми асосии онҳо дар беҳтар кардани ҳолати беморон, расонидани хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии саривақтӣ ба доруворӣ мебошад.
Дар ҷараёни симпозиум таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта доир ба фурӯши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ, таъмини истифодаи мақсадноки дору, ваксинатсияи саривақтӣ, пешгирии устувории зиддимикробӣ, табобати бемориҳои музмин ва ба ин васила коҳиш додани сарбории кормандони соҳаи тиб ва дигар мутахассисони соҳаи тандурустӣ муаррифӣ гардид.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»






