Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Сентябрь 28, 2024 16:28

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода  мешаванд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд,  шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи  тарғиб гардидани фарҳанги бегона ва ахлоқи бад барои насли наврас ва ҷавон низ  гардидааст.  Мутаассифона, иттилооте, ки айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегардад, дар аксар маврид бо синну соли корбарон мувофиқат намекунад. Ин матлаб 26 сентябр зимни баргузории ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар шаҳри Панҷакент доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода иброз намуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир заминаи афзоиши иттилоот дар ҷаҳон гаштааст. Дар ҷаҳони муосир иттилоърасонии  ҷомеа бо суръати хеле баланд идома дошта, дар баробари манфиатоварӣ, инчунин сарчашмаи ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдидҳои фаромиллӣ гаштааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз сабаби оне, ки вазифаи аслии шабакаҳои иҷтимоӣ муайян кардани афкори ҷамъиятӣ аст, онҳо на дар хизмати корбар, балки дар хизмати моликҳои хориҷӣ қарор доранд. Аз аввал то ба имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади интиқоли дониши низомнок ё баланд бардоштани маърифати одамон ташкил нашудаанд. Зеро чунин навъи фаъолият бо мақсади моликони шабакаҳои мазкур мувофиқат намекунанд. Донишҳҳои босифат дар китобу мақолаҳое дида мешавад, ки муаллифони онҳо дар ҳақиқат бо нияти интиқоли дониш ва ташаккул додани афкори  омма  онҳоро таҳия кардаанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба ин масъала андешаҳои худро  иброз дошта, баҳри  истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ таклифу  пешниҳодҳои мушаххас  намуданд.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд