Дар соли таҳсили 2023-2024 1417 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олӣ соҳиби дипломи аъло гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2023-2024 1417 нафар хатмкунандагони муассисаҳои олӣ соҳиби дипломи аъло гардиданд. Чунин иттилоъ дода шуд дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи натиҷаи ҷамъбасти аттестатсияи хатм дар соли таҳсили 2023-2024 аз 42 ҳазору 283 нафар хатмкунандагони муассисаҳои олӣ 7770 нафар имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супоридаанд.
Таъкид шуд, ки боло бурдани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар рушду тавсеаи самти таҳсили олии касбӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Зимни ҷаласа ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, боло бурдани сифати таълиму тарбия, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсили томактабӣ, пешгирии қоидавайронкунии ноболиғон, иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, либосҳои тавсиявӣ, зимистонгузаронӣ ва таъмини хонандагон дар дарс дастуру супоришҳо дода шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






