Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон масъалаи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ баррасӣ гардид

Сентябрь 5, 2024 12:09

ДУШАНБЕ, 05.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ, омӯзиши фарогир ва таҳияи консепсияи миллӣ зимни вохӯрии муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷонибҳо нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ, баргузории семинару вохӯриҳо ва дигар масъалаҳои соҳаи маорифро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот аз рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Иброз гардид, ки Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид  (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият менамояд ва яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маориф ба шумор меравад.

Вохӯрӣ дар рушду тавсеаи ҳамкорӣ, махсусан амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда мегузорад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2024 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад