Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997–2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ, ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар мақомоти давлатии вобастаи даъват ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, натиҷаи даъватҳои пешин ва сатҳу сифати хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар ин самтҳо шахсони масъулро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.
Аз ҷумла, барои иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи даъват ва вобаста ба теъдоди умумии захираҳои даъватӣ дар мамлакат таъкид шуд, ки дар мавсими навбатии даъват ва муҳлати пешбинигардида мақомоти ба он вобастаро зарур аст, ки бо масъулияти баланд ва дарки муҳимияти ин чорабинии муҳими давлатӣ амал намоянд. Ҳамзамон дар заминаи корҳои анҷомдодаи тодаъватӣ ва омӯзиши пешакии даъватшавандагон ҷавонони руҳану ҷисман солим ва аз ҳама лиҳоз обутобёфтаро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизмат ба халқу Ватан равона намоянд.
Ҳамзамон масъалаҳои омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, шахсияти даъватшавандагон, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти вобастаи давлатии даъват ва тавсеаи корҳои мақсаднок дар ҷараёни даъват аз масъалаҳои дигари баррасигардида буданд.
Ин масъалаҳо аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд






