Давлатҳои аъзои СҲИ барои иштирок дар Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланди «Раванди Душанбе» даъват шуданд

Сентябрь 29, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои  Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши ташаннуҷ ва омилҳои бесуботӣ, аз ҷумла афзоиши хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин мушкилоти экологӣ ёдовар шуда, мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломиро  ҷиҳати  амалӣ намудани  талошҳои муштарак баҳри муқовимат ба чолишҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин, бо таъкид бар аҳаммияти «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» мамлакатҳои аъзои  Созмони ҳамкории исломиро ҷиҳати иштирок дар Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланди «Раванди Душанбе», ки  4-5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кувайт баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд