Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва навсозии 12 ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст»
ДУШАНБЕ, 10.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру навсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 августи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6700 иншоот бунёду таҷдид шуд, ки қариб 58 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ин матлаб зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр дар шаҳри Хуҷанд баён гардид.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери парчами истиқлолу озодӣ, яъне парчами нангу номуси миллӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар ҷодаи тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёр ва фароҳам овардани зиндагии муносибу шоиста дар ҳар хонадони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Таъкид гардид, ки дар 33 соли соҳибистиқлолии давлатӣ мардуми мамлакат рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ва душвориҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро аз сар гузаронида, ҳоло бо шукрона аз сулҳу суботи комили мамлакат содиқона меҳнат мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






