Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Таъмин намудани амният ва суботу оромӣ дар мамлакат на танҳо яке аз афзалияти сиёсати Ҳукумат мебошад, балки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси мамлакат ба ҳисоб меравад. Зеро амалӣ гардидани ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ имкон дошта метавонад», — чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон.
Ба таъкиди Сарвари давлат, мо бояд насли наврасу ҷавонро бо таърихи бисёр қадимӣ ва шукуҳманду пурифтихори миллати тоҷик, бо мақому манзалати забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, бо фарҳанги рангорангу ғановатманди бостонӣ, расму ойин ва суннату анъанаҳои деринаи миллӣ ҳарчи бештар шинос намоем.
«Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем. Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем. Зеро «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад»,-баён доштанд Пешвои миллат.
Бояд изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл ба хотири боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон аз ҷониби Сарвари давлат боз як озмуни ҷумҳуриявӣ – «Шоҳномахонӣ» эълон гардид.
Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, мо бояд тамоми саъю талошамонро барои боз ҳам вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ равон созем. «Яъне, аз хонаву кошона ва маҳалли зисти худамон сар карда, тамоми шаҳру ноҳияҳои сарзамини аҷдодиамонро то дурдасттарин деҳоти он ободу зебо гардонем»,-афзуданд Сарвари давлат.








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






