«ХОНАИ БЕ КИТОБ — РӮЗИ БЕ ОФТОБ АСТ». Дар Тоҷикистон 74 китобхонаи марказонида фаъолият мекунад

Сентябрь 3, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад. 17 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз- 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.

Дар китобхон ва китобдӯстдор намудани аҳолӣ саҳми китобхонаҳо назаррас аст. Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ ба АМИТ «Ховар» баён дошт, «дар Тоҷикистон 74 китобхона, аз ҷумла 1 Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 1 китобхонаи муосири пойтахт, 7 китобхонаи вилоятӣ, 64 маҷмуи китобхонаҳои марказонида бо 1290 китобхона–филиал фаъолият мекунад. Инчунин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор 160 китобхонаи вазорату идораҳо, 4 580 китобхонаи соҳаи илму маориф ва 40 осорхонаи вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳоро барои маълумот ба рӯйхат гирифтааст».

Ба гуфти Хуршед Низомӣ, дар ягон давру замон ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест. Ба таъбири халқ, «хонаи бе китоб- рӯзи бе Офтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриёти давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешаванд.

«Дар ҷумҳурӣ низоми гуногун ва густурдаи китобхонаҳо,  аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла китобхонаҳои пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот ва китобхонаҳои хусусӣ фаъолият доранд. Имрӯз танҳо фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои 4,5 миллион нусха маводи электронӣ буда, дар маҷмуъ фонди китобҳои электронии ҷумҳурӣ ба 4 миллиону 852 ҳазору 807 нусха расидааст. Инчунин дар китобхонаҳои мамлакат (ба истиснои Китобхонаи миллӣ) 2610 нафар кормандон, аз ҷумла, бо маълумоти олии тахассусӣ 196 нафар, бо маълумоти олии умумӣ 301 нафар, бо маълумоти миёнаи махсус 1054 нафар, аз ҷумла, 2046 нафар занон ва 564 нафар мардон фаъолият менамоянд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Хуршед Низомӣ иброз намуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат дар баробари  таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашру бадеӣ инчунин ба рушди муассисаҳои фарҳангии деҳот таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Барои амалисозии банди 24-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар доираи сафарҳи «Корвони китоб» дар шашмоҳаи  якуми соли 2024 дар маҷмуъ 14 212 нусха китоб ба  маблағи 265 663,72 сомонӣ ба тариқи ройгон ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо тақсим карда шуд.

Инчунин зимни баргузории намоишгоҳҳои китоб 1564 нусха китоб ба маблағи 37654,91 сомонӣ ба тариқи ройгон тақсим карда шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд