«ХОНАИ БЕ КИТОБ — РӮЗИ БЕ ОФТОБ АСТ». Дар Тоҷикистон 74 китобхонаи марказонида фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад. 17 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз- 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.
Дар китобхон ва китобдӯстдор намудани аҳолӣ саҳми китобхонаҳо назаррас аст. Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ ба АМИТ «Ховар» баён дошт, «дар Тоҷикистон 74 китобхона, аз ҷумла 1 Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 1 китобхонаи муосири пойтахт, 7 китобхонаи вилоятӣ, 64 маҷмуи китобхонаҳои марказонида бо 1290 китобхона–филиал фаъолият мекунад. Инчунин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор 160 китобхонаи вазорату идораҳо, 4 580 китобхонаи соҳаи илму маориф ва 40 осорхонаи вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳоро барои маълумот ба рӯйхат гирифтааст».
Ба гуфти Хуршед Низомӣ, дар ягон давру замон ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест. Ба таъбири халқ, «хонаи бе китоб- рӯзи бе Офтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриёти давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешаванд.
«Дар ҷумҳурӣ низоми гуногун ва густурдаи китобхонаҳо, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои низоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла китобхонаҳои пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот ва китобхонаҳои хусусӣ фаъолият доранд. Имрӯз танҳо фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои 4,5 миллион нусха маводи электронӣ буда, дар маҷмуъ фонди китобҳои электронии ҷумҳурӣ ба 4 миллиону 852 ҳазору 807 нусха расидааст. Инчунин дар китобхонаҳои мамлакат (ба истиснои Китобхонаи миллӣ) 2610 нафар кормандон, аз ҷумла, бо маълумоти олии тахассусӣ 196 нафар, бо маълумоти олии умумӣ 301 нафар, бо маълумоти миёнаи махсус 1054 нафар, аз ҷумла, 2046 нафар занон ва 564 нафар мардон фаъолият менамоянд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Хуршед Низомӣ иброз намуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат дар баробари таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашру бадеӣ инчунин ба рушди муассисаҳои фарҳангии деҳот таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Барои амалисозии банди 24-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар доираи сафарҳи «Корвони китоб» дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ 14 212 нусха китоб ба маблағи 265 663,72 сомонӣ ба тариқи ройгон ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо тақсим карда шуд.
Инчунин зимни баргузории намоишгоҳҳои китоб 1564 нусха китоб ба маблағи 37654,91 сомонӣ ба тариқи ройгон тақсим карда шуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид
Дар маҳфили Фирдавсӣ дар Теҳрон аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд
Зафаршо Иброҳимзода: «Осорхонаҳо оинаи кишваркушои таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳар халқу миллат мебошанд»
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд






