«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад

Сентябрь 19, 2024 11:39

РӮДАКӢ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гимназия-парваришгоҳи  ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»  идома дорад, ки дар он ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии шаҳрҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод ва Варзоб бо ҳам сабқат менамоянд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар гурӯҳҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.

Озмуни солҳои 2021-2023 баргузоршуда нишон дод, ки байни  ҷавонону наврасони мамлакат таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чанд маротиба зиёд гардидааст. Ин барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландпояи муҳандисию техникӣ заминаи асосӣ мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 19, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад