Имрӯз дар Душанбе лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» баррасӣ гардид

Сентябрь 3, 2024 17:21

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иттилоъ медиҳад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи мамлакат пайваста вазифагузорӣ менамоянд, ки масъалаи истифодаи маблағҳои сармоягузорӣ бояд дар сатҳу сифати баланд ва ба нафъи аҳолии деҳот амалӣ карда шаванд. Ин аз як ҷониб имконият фароҳам меорад, ки инфрасохтори кишоварзии минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд ёбад ва аз ҷониби дигар, барои фароҳам овардани ҷойи нави кор мусоидат намояд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки солҳои охир бо назардошти таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сармоя ба соҳаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бахусус соҳаи кишоварзӣ диққати бештар равонамегардад. Ин моро водор месозад, ки барои ҷалби бештари сармоя бо шарикони рушд ҳамкориро дар сатҳи шоиста ба роҳ монем.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо ҷалби сармоя дастрасӣ ба техникаҳои наву мошинолоти муосири кишоварзӣ, тухмиҳои босифати сертификатшудаи зироати кишоварзӣ ва таъмиру таҷҳизонидани биною озмоишгоҳҳои муассисаҳои илмию таълимӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар самти тухмипарварӣ мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» давоми фаъолият барои дастгирии хоҷагиҳои тухмипарвар, хоҷагиҳои ниёзманд, муассисаҳои илмию таълимии кишоварзӣ, таҳкими қонунҳои марбут ба соҳа саҳми беназир мегузорад, ки ин барои истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва бо ҷои кор таъмин гардидани аҳолии мамлакат мусоидат менамояд.

Лоиҳа барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»

Сентябрь 3, 2024 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»