ИМРӮЗ-РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолиддини Балхӣ парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъораш саршор аз забони тоҷикӣ аст
ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Мавлоно аз машҳуртарин шоири тоҷиктабори қарни ХIII ва аз бузургтарин чеҳраҳои адаб ва ирфон буда, нуфузи ӯ фаротар аз марзҳои милливу тақсимоти қавмӣ аст ва шеъри ӯ ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст. Маволоноро бо номҳои Балхӣ ба хотири зодаи сарзамини куҳану тамаддунхез будан ва Румӣ ба хотири замоне дар Рум (Анатолия) зиндагӣ кардан ёд мекунанд.
Дар аввалҳои қарни ХХ муҳаққиқон сари зодгоҳ ва мансубияти миллии ӯ баҳсҳое оростанд. Аз ҷумла, адабиётшинос Бадеъуззамон Фурӯзонфар, олимони амрикоӣ Колман Бракс, Бред Гуч, Франклин Люис зодгоҳи Мавлоно ва хонаводаи ӯро Вахшонзамин гуфтаанд. Зимнан Мавлоно ҳам дар дафтари чаҳоруми «Маснавии маънавӣ» аз ин ноҳия ёд мекунад:
Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,
Дар дурахше кай тавон ёфт сӯи Вахш.
Мавлоно аз вожаи тоҷик борҳо ёд кардааст ва дар ин хусус донишманду олими муосир Хуршед Зиёӣ мегӯяд: «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо сабаби он, ки айёми кӯдакию наврасии худро дар байни тоҷикон гузаронидааст, аз зумраи он шоироне аст, ки беш аз дигарон вожаи тоҷикро дар меросашон истифода намудаанд».
Ба андешаи Хуршед Зиёӣ, вожаи тоҷикро Мавлоно нисбат ба тамоми мардуми ориёии минтақаҳои муосири Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон ба кор бурдааст.
Дар атрофи мансубияти этникии Мавлоно, чунонки мушоҳида мешавад, назарҳои мухталиф ва бархӯрди андешаҳо байни муҳаққиқон ҷой доранд ва ба қавли худи Мавлоно, «ҳафтоду ду миллат нафйи ҳамдигар мекунанд».
Ҳамзамони мо Хуршед Зиёӣ беҳтарин андешаро дар мавриди ин баҳси бепояву бунёд баён мекунад: «Бояд таъкид дошт, ки румӣ, балхӣ ё аз минтақаи дигаре будани Мавлоно ё ба кадом миллату халқ ё қавм тааллуқ доштани ӯ имрӯз муҳимияте надорад, зеро мутафаккир бо афкори ҷовидонааш шаҳрванди тамоми олам ва ҳамватани тамоми оламиён гаштааст».
Айнияти гуфтори Мавлоно ва ба кадом марзу бум мансуб будани ӯро бояст дар осораш ҷӯё шуд.
Осори Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ҷаҳони маънавиеро монад, ки бо ғановату рангинии худ ҳаводоронашро қарнҳо боз мутаассир кардааст. Мавлоно дар боби фоидаҳо аз маснавиаш мегӯяд: «Покизатарини меваҳост барои касе, ки бичинад ва дар он бузургтарин орзуҳо ва хосторҳоро метавон ёфт».
Ҳар хонандае, ки «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноро варақгардон менамояд, дар ҷаҳони маънавӣ сайри маърифату дониш менамояд ва аз ин дарёи хираду фазилати инсонӣ дурдонаҳое бармечинад.
Сухани Мавлоно «пайдову пинҳон аст, зеро сухан мағзи мағз аст, на сухан пӯсти пӯст ва аз мағзи мағз, сиҳҳат ҳосил ояд» ва ин сиҳҳатии ҳосилро бояст аз сухани ӯ ҷӯё шуд.
Ба андешаи адабиётшинос Худоӣ Шарифов, «дар сухани Мавлоно се чизи муҳим аст, ки бо мавқеи инсон дар ҳастӣ ва мақсади вуҷуд пайванд меёбанд:
— сӯз, сӯхта ва сӯхтагон;
— васлу ҳиҷрон ё ҳиҷрону васл; алфозу гуфтор;
— олами маънавӣ.
Шаҳомат ва бузургии сухани Мавлоно дар ҳамон алфозу таъбироти ба назари донишмандон тоза, ки мабдаи аксар лаҳҷаи хуросонӣ буда, қисме ҳам ба тақозои мавзуъ сохтаю бофта шудаанд, айнияти гуфтор ва сабки гуворои Мавлоноро ба вуҷуд овардаанд», ки аз фарҳанг ва гуфтору муҳити хонаводаву зодгоҳ сарчашма гирифтааст, ки намунаи возеҳи онро дар байтҳои зер мебинем:
Чун касеро хор дар пояш ҷаҳад,
Пои худро бар сари зону ниҳад.
В-аз сари сӯзан ҳаме ҷӯяд сараш
В-ар наёбад, мекунад бо лаб тараш…
Осори Мавлоно саршор аз вожаву таркибу таъбироти гӯйиши тоҷикиву одобу русуми мардумони тоҷик аст. Дар китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» омадааст: «Мавлоно парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъори ӯ саршор аз таъбиру калимаҳои хоси ин диёр ва забони тоҷикист».
Мавлоно дар шеъри машҳури «Тӯтӣ ва баққол» чунин гуфтааст:
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар набиштан шер шир.
Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,
Кам касе з-абдоли ҳақ огоҳ шуд.
Муҳаққиқон ин байтро чунин тавзеҳ додаанд: дар порсии замони Мавлоно шири хӯрокиро ба ҳамин сурати имрӯзӣ талаффуз мекарданд, вале шери дарандаро бо ی-и маҷҳул, яъне шер талаффуз мекарданд, аммо китобати ҳар ду яксон буд. Ҳоло дар забони тоҷикии муосир ҳанӯз ҳам чунин талаффуз риоя мешавад ва ин нуктаро донишманд Карим Замонӣ низ таъйид мекунад.
Вожаҳои «Маснавии маънавӣ» дар забони тоҷикии омиёна имрӯз корбурди фаровон доранд, ба монанди ожанг, эзор, бар (ҳосил), булуқ (овози об), бурё, бед, потоба (пойпеч), пор, порин (соли гузашта), палос (гилем), пес (лакаҳои сафеди пӯст), чиркин, чаридан (парвариш), ҳашар, хез, роғ, шӯридан, шишак (барраи шашмоҳа), карбос, калон, кӯса (камриш), наск, мумсик, нокас, ношуста, додар, кал, кулича (кулча, нон), кампирак, атласпӯш, ҷигарбанд, даҳкаса, чаҳормех (пойбанд), кисабур, каҳдон (охур). Намунаи чанде аз вожаҳои омиёнаи серистеъмоли тоҷикӣ, ки камкорбурданд, бо тафсири онҳо аз китоби «Шарҳи ҷомеъи «Маснавии маънавӣ»-и Карим Замонӣ барои муқоиса ва тақвияти андеша дар зер оварда мешаванд:
Додар – бародар, дӯст. Аз луғоти форсии мовароуннаҳрист.
Талх хоҳӣ кард бар мо умри мо,
Кай бар ин медорад эй додар туро.
Кал — качал
К-аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ,
Ту магар аз шиша руған рехтӣ.
Ток – дарахти ангур
Одам аз хокаст, кай монад ба хок,
Ҳеч ангуре намемонад ба ток.
Кисабур – дузд, ҷайббур
Гуфт ӯ аз баъди савгандон пур
Ки наям ман хонасӯзу кисабур.
Таркибҳои фразеологии дастак задан (каф задан), пой кашидан (бозкашидан, боздоштан), ҷигар сӯхтан, гарав бастан, ношуста рӯ (қалби нопок дошта) имрӯз низ корбурди фаровон доранд.
Дар «Маснавии маънавӣ» луғоте мавҷуд аст, ки дар гӯйишҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ маҳфуз мондаанд, аз ҷумла: хик, хав (кардан), калопеса, таф, тос, навола, тоса, ҷул, лоғ, лаванд.
Дард доруи куҳанро нам кунад,
Дард ҳар шохи малуле хав кунад.
Ин чӣ мегӯӣ дуо чӣ буд маханд,
Бар сару риши ману хеш эй лаванд.
Қадимӣ будани забони тоҷикӣ дар гӯйишҳову лаҳҷаҳои маҳаллӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Пажуҳишгарони шеваҳои забони тоҷикӣ мегӯянд, ки гӯйиши ҷанубӣ аз шеваҳои архаистие аст, ки дар таркиби худ калимаҳои зиёди қадимиро маҳфуз доштааст ва ба қавли Парвиз Нотили Хонларӣ, «тоҷикон забон ва одоби худро ҳифз кардаанд».
Дар ганҷинаи гӯйишҳои забони тоҷикӣ чунин вожаҳо зиёданд, ки айни ҳамон сохту маънои дар «Маснавии маънавӣ» корбаст шударо доранд: пушта (теппа), пагаҳ (пагоҳ), пирхар (харидор ва толиби пир), табақ, вағо (доду фарёд), вағ-вағ кунон (доду фарёд), ҳанг (қудрат, тавоноӣ).
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фарзонафарзанди миллати тоҷик ва аҳли башар мебошад, ки бо забони шевову гуворои модарӣ, забони аҳли шимоли Хуросони таърихӣ асар офаридааст. Далели ин нукта ҳамоно мавҷудияти вожаҳои нобу асили осори Мавлоно дар ин густараи таърихӣ роиҷбуда мебошад, гарчанде дар шумори андаке аз ин вожагон тағйироти маъноиву сохториву овоӣ мушоҳида мешавад.
Фарангис ШАРИФЗОДА,
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон