Масъалаҳои мубрами филология ва усулҳои таълими он дар шароити рушди инноватсионӣ баррасӣ гардиданд

Сентябрь 22, 2024 10:05

ДУШАНБЕ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами филология ва усулҳои таълими он дар шароити рушди инноватсионӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Конференсия бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир шуд. Иброз гардид, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ шароити муосид фароҳам меорад.

Тавре Президенти ҷумҳурӣ иброз доштаанд, дар тамоми зинаҳои таҳсил – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсил ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ зарурати бештар дорад.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳимеро марҳила ба марҳила амалӣ менамояд.

Ҳоло дар донишгоҳ факултети филологияи рус ва кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ вуҷуд дорад, ки ҳазорҳо нафар мутахассисони варзидаи соҳаи омӯзгориро омода менамояд. Давоми панҷ соли охир дар факултет 7 монография ва 27 китоби дарсиву дастурҳои таълимии устодон ба нашр расида, 737 мақолаи илмӣ рӯи чоп омад.

Дар конференсия мавзуъҳои «Мушкилот ва рушди забони русӣ дар Тоҷикистон», «Усулҳо ва шаклҳои методи интерактивии таблиғи забони русӣ дар байни ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ва «Таълими забони русӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон: талаботи нав дар тамоюлҳо» баррасӣ гардиданд.

Иштирокдорон баргузории конференсияро барои боз ҳам беҳтар намудани фазои омӯзиши забони русӣ, таълими он дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, нашри асарҳои илмӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи илм ва омӯзгорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Сентябрь 22, 2024 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд